Н.Хусрав: Биби набераашро фурӯхт

Як зани 49-сола аз ноҳияи Носири Хусрав бо иттиҳоми харидуфурӯши кӯдак дастгир шудааст. ВКД мегӯяд, ин зан ду сол пеш набераашро, ки он вақт ду сол дошт, ба як зан аз ноҳияи Қубодиён «ба маблағи 100-доллари амрикоӣ ва 1200-сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 49-солаи сокини ноҳияи Н.Хусрав, рӯзи 20-уми марти соли 2016, набераи ноболиғи худ ҷинсаш зан, ки санаи 11-уми апрели соли 2014 таваллуд шудааст, (фарзанди духтари 25-солааш)-ро ба зани 35-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, ба маблағи 100-доллари амрикоӣ ва 1200-сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Зани гумонбар дар хариду фурӯши ноболиғ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *