Нӯъмонҷон Ғаффорӣ: Аз арзёбии Хадамоти Ҳукумат розӣ нестам

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) норизоиятии худро аз натиҷаи рейтинги муассисаҳои олии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2019, ки онро Хадамоти дар соҳаи маорифи Ҳукумати Тоҷикистон гузарондааст, иброз дошт.

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) норизоиятии худро аз натиҷаи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2019, ки онро Хадамоти  давлатии назорат дар соҳаи маорифи Ҳукумати Тоҷикистон гузарондааст, иброз дошт.

Нӯъмонҷон Ғаффорӣ рӯзи 11 июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар ҳоле ки ДДОТ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дастовардҳои зиёде дорад, вале дар рейтинги мазкур дар радаи 11-ум ҷой гирифтааст.

Вай ин гуна арзёбиро ғайриодилона хонд. Масалан, ба гуфтаи Нӯъмонҷон Ғаффорӣ,  Донишгоҳи омӯзгорӣ дар самти таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар миёни муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон дар зинаи аввал қарор дорад.

Ҳамчунин, дар Донишгоҳи омӯзгорӣ 6 Шӯрои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ амал карда ва дар соли ҷорӣ 36 нафар рисолаҳои илмии худро ҳимоя кардаанд. Дар Олимпиадаи илмии ҷумҳуриявӣ низ донишҷӯёни ин муассисаи олӣ ҷойи дуюмро ишғол кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *