Нақб таъмирталабу пахта бехаридор
Дар нишасти матбуотии мақомотии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, ки бо ширкати раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин баргузор гардид, суолу посух асосан оид ба таъмирталаб будани нақбҳо, кам будани истеҳсоли пахта, равғани растанӣ, маблағҷудокунии буҷети маҳаллӣ барои корҳои ободонӣ ҷараён гирифт.
Рўзноманигорон аз он изҳори ташвиш карданд, ки дар ноҳия мутахассисони хитоӣ бо парвариши пахта нисбатан ҳосилнокии заминҳоро кам карда истодаанд. Дар баробари ин, нархи хариди пахта поён рафт ва ҳоло дар ҳавлиҳои деҳқонону фермерҳо бештар аз 1000 тонна пахта нигоҳ дошта шуда истодааст.
Маълум нест, ки кай арзиши пахта боло мераваду баъд ин пахтаҳои мардум ба муомилот мераванд. Чун бо гузашти вақт сифатнокии ин пахтаҳо низ гум шудан мегирад.
Нурулло ҲАСАНОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ