Нақлиёти Душанбе пурра барқӣ мешавад
Дар ояндаи наздик қарор аст, нақлиёти ҷамъиятии Душанбе пурра ба мошинҳои барқӣ гузарад. Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Душанбе хабар медиҳанд.
“Танҳо дар зарфи шаш соли ахир парки нақлиётии корхонаи коммуналии шаҳри Душанбе бо 410 электробус аз корхонаи ватанӣ таъмин гардидааст” – хабар медиҳад манбаъ.
Ҳамчунин, манбаъ мегӯяд, ки «дар оянда тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ бо автобусҳои барқӣ иваз хоҳад шуд».
Чанде пеш 30 электробуси нав, ки дар корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол гардидаанд муаррифӣ шуданд.
Гуфта мешавад, электробусҳо 12 метр дарозӣ дошта имкони ғунҷондани 100 мусофирро доранд. Ҷои нишаст бошад барои 32 мусофир пешбинӣ шудааст.
Автобусҳо бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда муҷҷаҳаз буда, 6 камераи назоратӣ, 2 экрани маълумотдиҳанда доранд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ