Нақша 80% иҷро шуд, «облава» кам мешавад?

Бо гузашти 20 рӯз аз даъвати баҳорӣ ба артиш Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки нақшаи сафарбаркунӣ ба хизмати ҳарбӣ аллакай беш аз 80 дарсад иҷро шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорат то имрӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи иҷрои нақша ба пуррагӣ баромадаанд. Дар вилояти Суғд 67 дарсад, вилояти Хатлон 79 дарсад ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 91 дарсади нақша пур шудааст.

Дар Тоҷикистон соле ду бор ҷавонони синнни даъватро ба артиш ҷалб мекунанд. Сокинон пайваста аз даъват ба артиш аз роҳи зур шикоят мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *