Нақшаи ҳамкории Тоҷикистону Русия барои соли оянда тарҳрезӣ шуд

Дар шаҳри Москва доир ба шароити сохтмон ва фаъолияти маркази таълимии кӯдакони лаёқатманд ва Театри драмавии ба номи Владимир Маяковский дар Душанбе созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо карда шуд.
Ин созишномаро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия имзо карданд.
Дар ҷаласа самтҳои муҳими робитаҳои дуҷониба баррасӣ гардида, нақшаи ҳамкорӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ барои соли 24 тарҳрезӣ карда шуд.
Тарафҳо инчунин доир ба масъалаҳое, ки ҳалли таъҷилӣ талаб менамоянд, изҳори омодагӣ намуданд.
Таъкид гардидааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши ҳамкории стратегӣ бо Русия дар тамоми самтҳои афзалиятнок манфиатдор аст. Омода аст, ки минбаъд низ барои рушди ҳамкории муназзами байниҳукуматӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *