Нақшаи андоз барзиёд иҷро шуд. Аз кадом ҳисоб?

Дар Тоҷикистон 11 моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103,6% таъмин гардидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 14 млрд 6,4 млн сомонӣ маблағ ворид гардид. Дар 11 моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103,6% таъмин гардида, ба ҷойи 13 млрд 516,2 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ 14 млрд 6,4 млн сомонӣ ворид шудааст. Нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 490,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин муддат иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 106,5%, вилояти Хатлон – 102,5%, вилояти Суғд – 104,8%, шаҳри Душанбе – 100,8%, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ – 100,8% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон – 98,8% таъмин карда шуд.

Ҳамзамон, Кумитаи андоз қайд кардааст, ки бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он, дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 12 ҳазору 508 адад қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 827,3 млн сомонӣ қабул гардид.

Мақомоти андоз иттидоъ додааст, ки аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2021 қабулшуда дар маҷмӯъ ба буҷет 793,7 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5 млн сомонӣ бештар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *