Нақшаи бунёди беш аз 180 иншоот дар ноҳияи Дӯстӣ
Ба хотири шоиста истиқбол гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди беш аз 180 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 113 иншоот сохта шудааст.
Рашид Худоибердиев, мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Дӯстӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар соли 2022 мувофиқи нақша сохтмони 57 иншоот дар назар буд. Ӯ мегӯяд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ 72 иншооти гуногун бунёд шуда, иҷроиши нақша ба беш аз 126 дарсад расидааст.
“Дар панҷ моҳи соли равон, дар умум 41 иншооти таъиноти гуногун сохта шудааст. Нақша бошад, 68 бинову иншоот аст. То охири сол вақт зиёд аст, нақшаро барзиёд таъмин хоҳем кард”,- афзуд ӯ.
Ҳамчунин дар ноҳияи Дӯстӣ дар доираи эълон шудани панҷсолаи рушди саноат сохтмони 28 корхонаи гуногуни истеҳсоливу саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ