Нақшаи бунёди наздики 500 иншоот дар ноҳияи Ёвон

Ба хотири истиқболи шоиста аз 35 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бунёди 498 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ин нукта 12 феврал, дар нишасти хабарии раиси ноҳияи Ёвон зикр гардид.

Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон афзуд, ки дар соли 2023-юм 84 иншооти таъиноти гуногун сохта шуда, наздики 170 дарсади нақшаро ташкил мекунад.

 Ӯ мегӯяд, аз қабули қарор дар бораи 35- солагии Истиқлоли давлатӣ 133 иншоот  бунёду мавриди истифода қарор гирифт.

   «Дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар доираи 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар шароит дар деҳаҳои дурдаст боз ҳам беҳтар хоҳад шуд»,-гуфт ӯ.

  Бахтиёр Шарифӣ таъкид кард, ки барои беҳтар кардани вазъи роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ соли 2023 аз буҷети маҳаллӣ 350 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *