Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ 100 % иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иҷро шуд.

Тавре ки аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, дар даъвати тирамоҳии имсола теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ нисбат ба солҳои пеш афзудааст.  

“Бештари довталабони хизмати ҳарбиро ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа, ки асосан мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Қувваҳои мусаллаҳ омода менамояд, ташкил медиҳанд”,-иттилоъ дод манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҳарчанд нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ 16 -уми ноябр, пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро шуда бошад ҳам, вале бо мақсади баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи ноябри соли равон идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *