Нақши маҳалла дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум
3 октябр дар маҷмааи “Роҳи абрешим”-и шаҳри Самарқанд таҳти унвони “Нақши маҳалла дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллӣ” конфронси байналмилалӣ ба кори худ ҳусни оғоз бахшид. Дар конфронс намояндагони Тоҷикистон низ ширкат намуданд.
Дарвоқеъ, ниҳоди маҳалла хосатан барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниҳоди тавъам мебошад. Ба хусус, дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мардум дар атрофи ҷамоатҳои шаҳрвандӣ ё маҳаллаҳо муттаҳид ва аз тариқи он назорат мешаванд.
Тавре ки дар конфронс гуфта шуд, аз вақти таъсиси Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон вақти зиёд сипарӣ нашудааст, аммо дар ин муддат тавонистааст, ки оид ба такмили низоми худидоракунӣ ва дар ин самт омӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ корҳои муайян анҷом диҳад.
Ин яке аз сохторҳое дар Ӯзбекистон арзёбӣ гардид, ки барқарор кардани робита бо сохторҳои бонуфузи ҷаҳонро пеши худ мақсад гузоштааст. Гуфта мешавад, ҳайатҳои густардаи Ӯзбекистон барои омӯхтан ва ивази таҷриба ба як қатор кишварҳо, мисли Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва амсоли он сафар кардаанд.
-Конфронси Самарқанд бевосита паҳн кардани таҷрибаи Ӯзбекистон дар ташаккул ва рушди ниҳоди маҳалла, инчунин таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд. Ӯзбекистон кӯшиш мекунад, ки на танҳо комёбиҳояшро тарғиб намояд, балки талош ба харҷ медиҳад, ки аз таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ баҳраманд шавад, онро омӯзад. Барои ҳамин лозим меояд, ки доираи ин ҳамкориҳоро тавсеъа бахшад,-гуфт раиси Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қаҳрамон Қуронбоев.
Ногуфта намонад, ки ин чорабинии байналмилалӣ бисёре аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва коршиносони беш аз 70 кишвари ҷаҳонро дар як платформа муттаҳид кардааст.Дар он намояндагони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили ЮНИСЕФ, UNDP, UNODC, UNFPA, USAID, намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ТОҷикистон, инчунин коршиносони зиёд иштирок доранд.
Конфронси байналмилалӣ дар Самарқанд то 5 октябр давом хоҳад кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Самарқанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ