На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ, на умра… Нигаронии Президент дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа
Замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ.
Дар ин бора 9 марти соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони изҳор дошт.
Президент бо нигаронӣ гуфт, ки вале бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ.
“Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд”,-таъкид дошт Сарвари давлат.
Зикр шуд, ки дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд. Ҳамчунин, сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад.
«Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст»,-изҳори нигаронӣ кард Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ