Наҷмиддин Садриддинов ғарқ шуду ҳамроҳаш гурехт

Ҷасади Наҷмиддин Садриддинови 36-сола судиҷрочии калони ноҳияи Восеъро аз дарёи Сурхоб дар ҳудуди рустои Қурбоншаҳиди ҷамоати Гулистон пайдо кардаанд.

Наҷмиддин аз рӯзи 29 июн бедарак шуд ва бародари марҳум Асомиддин Садриддинов ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ муроҷиат кард. Як манбаъ аз ШКД хабар додааст, ки баъди муроҷиати Садриддинов, гуруҳи фаврӣ ташкил шуда, соатҳои 17:00-и рӯзи 30 июн мошини Наҷмиддинро аз наздикии дарёи Сурхоб пайдо кардаанд: “Бо кумаки сокинони ноҳия баъзе қисматҳои обро аз назар гузаронидем. Бо гузашти андак вақт ҷасадро аз даруни об пайдо намудем”.

Аз маркази судӣ-тиббии минтақаи Кӯлоб  гуфтаанд, дар бадани Наҷмиддин Садриддинов аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо нашудааст. Ба фарзияи тафтишот ӯ дар пайи оббозӣ ғарқ шудааст. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, судиҷрочии калони ноҳияи Восеъ дар лаби дарё танҳо набудааст: “Ҳамроҳи ӯ як хонум ҳам қарор доштааст, ки баъди ғарқ шудани вай аз тарс фирор мекунад. Ин зан рӯзи 1 июл шиносоӣ шудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *