Наҷмиддинов: Бо хоку кулуххӯрӣ витамин расо намешавад

Мувофиқи омор солҳои охир яке аз муаммоҳои асосӣ дар соҳаи тандурустӣ ин камхунӣ дар байни аҳолӣ гаштааст. Дар мавриди ин беморӣ ва роҳҳои пешгирии он суҳбате доштем бо директори Филиали муассисаи давлатии “Марказии ҷумҳуриявии илмии хун” дар вилояти Суғд Мирхалил Наҷмиддинов, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мекунем:

-Камхунӣ чист ва сабабҳои гирифторӣ ба ин намуди беморӣ дар чи аст?

-Камхунӣ истилоҳи юнонӣ буда (Anaemia;  oin – ҳиссачаи инкорӣ ва haima – хун), анемия, беморие, ки ба он кам шудани миқдори эритроситҳо ва гемоглобини хун хос аст.  Заминаи камхунӣ бепарвоӣ нисбат ба саломатии худ аст. Зеро ин намуди беморӣ дар натиҷаи ихтилоли раванди хунҳосилшавӣ, талафи хун, вайрон шудани заррачаҳои сурхи хун (эритроситҳо), нуқси кори мағзи устухон, ки узви асосии хунофар аст, пайдо мешавад.

-Барои гузаронидани ташхиси камхунӣ аз кадом роҳу усулҳо истифода мебаранд?

-Барои гузоштани ташхиси камхунӣ, табибон аз аломатҳои умумӣ ва таҳлили хун истифода мебаранд. Маҳз ба василаи таҳлили хун, мешавад сатҳи гемоглобинро дар хуни инсон муайян кард. Барои пешгирии камхунӣ,  инсон бояд ба саломатии худ мувозиб бошад, реҷаи дурусти хӯрокхуриро ҷорӣ намояд ва ҳадди ақал дар як сол як маротиба аз ташхиси тиббӣ гузарад.   

-Камхунӣ кадом вақт авҷ мегирад ва байни кадом қишри ҷомеа зиёдтар аст?

 

-Камхунӣ  метавонад ҳангоми баъзе бемориҳо масалан амрози сироятӣ низ инкишоф ёбад. Камхунӣ  вобаста ба норасоии оҳан ва витамини В12 бештар паҳн шудааст. Камхунӣ  асосан дар натиҷаи талафи хун ба вуҷуд меояд. Хунравии дуру дароз, масалан, ҳангоми бавосир ё захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, боиси  камхунии сахт мегардад. Инчунин, занҳо дар вақти ҳайз дидан ва замони таваллуд, ки хуни бисёр талаф медиҳанд. Инчунин, таваллуди пайдарпай ин бемориро авҷ медиҳад. Баъзе занон дар чор сол чор маротиба таваллуд мекунанд ва табиист, ки ин беморӣ хуруҷ мекунад. Муатассифона, аксари чунин занҳо баъди аз пойи равон мондан ба маркази мо муроҷиат мекунанд.

-Мегӯянд, ки барои пешгирии камхунӣ инсон бояд маҳсулоти оҳандорро истеъмол кунад. Оё  норасоии оҳан дар организм низ ба камхунӣ мерасонад?

-Оҳан чун моддаи химиявӣ дар фаъолияти организм аҳамияти калон дорад. Он барои ҳосил шудани гемоглобине, ки оксигенро аз шуш ба бофтаҳо мерасонад, ниҳоят зарур аст. Ҳангоми нарасидани оҳан кори ғадудҳои ҳозима, системаи асаб ва мушакҳо вайрон мешавад. На танҳо оҳан, (асосан себ) балки гӯшт ҳам  манбаи асосии оҳан аст. На танҳо нафароне, ки камхун ҳастанд, балки инсонҳои камилан солим ҳам бояд ҳамарӯза аз меваҳои тару тоза истеъмол намоянд. Зеро ҳар мева ба худ хос витаминҳоро доро аст. Илова бар ин себ, лаблабу ва анор сарчашмаи ғанигардии хун дар бадан мебошанд. 

 

 

 -Камхунӣ чӣ гуна аломатҳо дорад? 

-Аломатҳои камхунӣ зиёданд. Аз ҷумла дигар шудани ранги пӯст,   гирифтани иштиҳо,  дард ва чархзании сар,  бемадорӣ, сиёҳӣ  задани чашмон, рехтани мӯйи сар, дигар шудани ранги нохунҳо ва ба ин монанд аломатҳои манфӣ.  Сабаби асосии пайдоиши чунин аломатҳо ба ихтилоли раванди таъмину истифодаи оксиген аз ҷониби бофтаҳои организм вобаста аст. Дар мавриди норасоии оҳан фаъолияти ферментҳои нафаскашӣ, ки оксигенро аз узвҳои нафасгирӣ ба бофтаҳо мерасонанд, халал меёбад. Паридани ранги рӯй ва тез задани дил аз меъёри муқаррарӣ низ ба камхунӣ вобаста аст.

-Давоми соли 2018 ба Маркази шумо чанд нафар  муроҷиат кардаанд ва бештар аз кадом қишри ҷомеа?

— Азбаски сол то сол муаммои камхунӣ дар байни аҳолӣ зиёд шуда истодааст шикояту муроҷиат низ зиёд аст.  Танҳо давоми соли 2018 беш аз 5300 нафар бо маркази мо муроҷиат кардаанд, ки ба онҳо бо хун ва ҷузъҳои он кӯмак карда шуд.

-Камхунӣ сабаби қафомондагӣ дар омӯзиш ва фаҳмиши кӯдак мешавад мегӯянд. Ба ин фикр розиед?

-Албатта. Вақте зоиши пай дар пай ва бефосила зиёд аст мусаллам аст организми он модар аз ҳамаи витаминҳои лозима бой нест. Дар ин гуна ҳолатҳои кӯдак хуб инкишоф намеёбад, таркиби ғозои шири модар кам аст, зеро мувофиқи талаботи тиб модар беш аз ду сол бо шири табиӣ фарзандро синамаконӣ кунад. Аммо баъзе занҳо, ки ҳамасола таваллуд мекунанд, ҳадди ақал як соли расо ба тифлашон шир намедиҳанд. Муассалам аст дар ин гуна ҳолат тифл дер роҳ мегардад  ва  дер инкишоф мекунад.

-Чунин мушоҳида мешавад, ки баъзеҳо бо истеъмоли хоку кулух организми худро ба витаминҳо “бой” мекунанд. Ҳатто аъзоёни оилаи онҳо розиянд, ки ӯ кулух хӯрад ва хунашро расо кунад. Фикри шумо дар ин бобат…

-Мушоҳида дуруст, аммо рафтор нодуруст аст. Шояд дар таркиби хоку кулух ҳам як миқдор витаминҳо вуҷуд дошта бошад. Аммо ин маънои мисли нон истеъмол кардани онҳоро надорад. Дигар ин ки мо одамони асри 21 ҳастем. Садҳо намуди меваю хуриш ва ҳабҳои дорои витамин ҳастанд. На он меваҳо нархи гарон доранду на доруҳо. Хуб мешуд нафароне, ки ба хоку кулух хӯрдан одат кардаанд аз ин одати манфӣ даст кашида ба пеш бурдани тарзи ҳаёти солим шурӯъ мекарданд.

-Баъзеҳо камхунӣ ва сафедшавии хунро як намуди беморӣ медонанд. Аслан фарқ байни ин ду беморӣ дар чист ва кадоме хатарноктар аст?

-Ин ду намуди беморӣ куллан бемориҳои ҷудогона ҳастанд. Дуруст аст, баъзеҳо фикр мекунанд аввал камхунӣ мешавад баъд хун аз сабаби кам шуданаш сафед мегардад. Вале ин мушоҳида ва хулосаи ғалат аст.  Камхунӣ ва аломатҳои онро дар боло зикр кардем. Аммо сафедшавии хун ба истилоҳи тиббӣ “лейкоз” аст. Лейкоз хатарноктар  ва  дертабобатшаванда ва гоҳо табобатнашаванда аст.  

-Бемории камхунӣ бештар дар кадом минтақаҳо ба қайд гирифта шудаанд?

-Ин намуди беморӣ бештар ба зичии аҳолӣ ва вазъи зиндагӣ низ алоқаманд аст. Ин намуди беморӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои  Панҷакент, Ашт, Айнӣ, Истаравшан ва Б. Ғафуров ба қайд гирифта шудааст. Илова бар ин мардуми ин минтақаҳои дурдаст аз сабаби дур будани роҳ ва ё беаҳамияти нисбат ба саломатии худ гоҳо баъди чандин бемориҳоро дар организмашон ҷалб кардан ба маркази мо муроҷиат мекунанд, ки дар ин гуна ҳолатҳо ҳам кори мо мушкил аст ва ҳам табобати онҳо мушкилу тӯлонӣ.

-Вазъи донорҳо ва дастгирии онҳо  чӣ гуна аст?

-Нисбат ба солҳои қаблӣ шумораи умумии доннорҳо 2 маротиба зиёд шудааст. Илова бар ин мо кӯшиш карда истодаем сафи доннорҳои ихтиёриро зиёд кунем. Дар давоми соли 2018 7650 нафар хунсупорӣ кардаанд, ки аз он 4661 нафарашон донннорҳои ихтиёриянд.  Ҷиҳати дастгирии онҳо метавонам гӯям, ки ҳамасола ҳама доннорҳои ихтиёрӣ дар зери назорати доимии тиббӣ мебошанд ва ба онҳо мувофиқи нишондодҳо ташхисҳои иловагии ройгон гузаронида намешад.

 

                               Маркази хун 

-Гирифторони камхунӣ аз ягон имтиёзҳо бархӯрдоранд?

-Албатта бархӯрдоранд.  Шурӯъ аз соли 2018 баҳри  иҷроиши қарори Раиси вилоят мӯҳтарам Раҷҷабой Аҳматзода  аз 26 апрели соли 2018 № 158 “Дар бораи ҷудо  намудани маблағ ҷиҳати ройгон дастрас кардани криопресипитат барои беморон-сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки гирифтори беморҳои Гемофилия ва Виллебранд мебошанд” хизматрасониҳои ройгон роҳандозӣ шудааст. Илова бар ин тибқи фармоиши Раёсати тандурустии вилояти Суғд аз 24. 05. 2018  № 94 аз ҳисоби соҳаи тандурустии вилоят барои 113 нафар беморони Гемофилия бақайдгирифташуда  203,400 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Инчунин ба суратҳисоби  Маркази хун 162720,00 сомонӣ гузаронида шудааст. Филиали муассисаи давлатии “Марказии ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 ба тариқи ройгон бо миқдори 32493, 00 сомонӣ ба беморон ва ниёзмандони камбизоат кӯмак расонидааст.

-Ташаккур барои сӯҳбат.

-Саломат бошед!

                                                                                                                                                 Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *