Наҷоти 100 нафар дар Кӯҳистони Масчо
Гурӯҳи наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти вижаи кӯҳӣ ва заврақҳои резинӣ 22 мутахассис ва 4 тонна ашёи ниёзи аввалия, ҳамчунин васоили сохтмон барои роҳандозии корҳои барқарорсозии пули харобшударо интиқол доданд.
Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳӣ дар минтақаи Зарафшон ва Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия Мастчо бо истифода аз заврақҳои резинӣ сад нафар сокинони як русто дар Кӯҳистони Масчо, ки бар асари хароб шудани пули иртиботиашон ба хатар рӯ ба рӯ шуда буданд, бо маводи ниёзи аввалия ва масолеҳи сохтмон ҷиҳати барқарор намудани пули харобшуда таъмин карданд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ба далели ҳавои гарму хушк барфи кӯҳистон об шуда, сатҳи об дар рӯдхонаҳо афзоиш ёфтааст.
Бар асари болоравии сатҳи оби дарёи Ғориф, дар наздикии ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт, ки ҳамммарз бо деҳаи Пакшифи Мастчои Кӯҳии вилояти Суғд мебошад, пули ягонаи ин русто хароб гардид.
Дар натиҷа 100 нафар сокинони деҳаи Пакшиф бо 15 ҳазор молашон аз иртибот дур монданд.
Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон ва кормандони Шуъбаи Кумита дар ноҳияи Мастчо бо ёрии таҷҳизоти вижаи кӯҳӣ ва заврақҳои резинӣ 22 мутахассис ва 4 тонна ашёи ниёзи аввалия, ҳамчунин васоили сохтмон барои роҳандозии корҳои барқарорсозии пули харобшударо интиқол доданд.
Дар айни замон корҳои барқароркунии пул идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ