На раҳме бародар ба бародар дорад…
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Қубодиёнро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
Номбурда, рӯзи 9-уми декабри соли 2018, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиашон бо бародараш, марди 36-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ