Нақшаҳои 100 рӯзи аввали президент

Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп роҷеъ ба ислоҳоте, ки ӯ дар сад рӯзи аввал ва рӯзи аввали президентиаш мегузаронад, паёми видеоии хешро нашр кард.

Дар ин бора АИР «Новости» хабар медиҳад. Пешниҳодҳои ироагардидаи Трамп аслан мулоҳизаҳои барномаи  пешазинтихоботии ӯро такрор карда, ба созишномаҳои тиҷоратӣ, энергетикӣ, муҳоҷират, амнияти миллӣ ва идоракунии давлатӣ иртибот доранд. Бино ба гуфтаи президенти тозаинтихоби Амрико, татбиқи ислоҳот, ки асоси онро принсипи «Амрико дар мадди аввал» ташкил медиҳад, ба «дубора бузург кардани Амрико» ва «барқарор намудани табақаи миёна»-и кишвар мусоидат мекунад.

Трамп тасдиқ кард, ки азм дорад то ба баровардани кишвараш аз созишнома оид ба шарикӣ дар Уқёнуси Ором мушарраф гардад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар маснади Сарвари давлат маҳдудиятро ба истеҳсоли нафту газ бекор мекунад. Илова бар ин, Доналд Трамп эълон кард, ки ба Вазорати мудофиаи кишвар супориш медиҳад, то доир ба ҳифзи инфрасохтори ҳаётан муҳим аз ҳамлаҳои хакерӣ ва таҳдидҳои дигар нақша тарҳрезӣ намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *