Нақшаҳои Хрушёв алайҳи Ғафуров
Соли 1953 ғуруби Сталин ва тулӯи Хрушёв буд. Бобоҷон Ғафуров эҳсос мекунад, ки кадрҳои сталиниро кафш дар пеши пой аст. Ҳарчанд Ғафуров кайҳо ҷомадони худро баста буд, вале ҳанӯз боло нисбати ӯ хомӯшӣ ихтиёр карда буд. «Вақте ки Бобоҷон Ғафуровро директори Институти ховаршиносии АИ СССР таъин карданд,- мегӯяд,- Охун Исмоилов, аз ман хоҳиш намуд, ки китобхонаашро ба се қисм ҷудо кунам. Рӯи яке «Фирдавсӣ», дигаре «Комитети Марказӣ», сеюмӣ «Москва» нависам. Чашмам ба дусияе афтод, ки рӯяш «Тоҷикон» сабт ёфта буд».
Бобоҷон Ғафуров мехост таърихи воқеии мардуми тоҷикро нависад. Аммо масъулияти роҳбари ҷумҳурӣ будан имкон намедод. Анҷумани ХХ Ҳизби коммунисти Иттифоқи Советӣ ин имкониятро фароҳам овард.
«-Таърих кам олим ва сиёсатмадореро медонад, ки ба андозаи Бобоҷон Ғафуров ҷуръат ва матонат дошта бошад»,- мегӯяд акдемики АИ СССР Бонгар-Левин Григорий Максимович.
Дар Анҷумани ХХ Ҳизби коммунисти Иттифоқи Советӣ Раиси Совети Вазирони СССР Микоян дар маърӯзааш Институти ховаршиносии СССР-ро мавриди танқиди сахт қарор медиҳад. Ӯ таъкид мекунад, ки Шарқи бедоргашта институтро хуфта дарёфт. Масъалаи бастан ё тағйири куллии самти фаъолияти институт дар миён буд. Ҳама зери таъсири ин гуфтор буданд, ки Ғафуров ба музокира баромад. Ӯ олимона вазъи институтро таҳлил ва роҳҳои пешбурди онро пешниҳод менамояд. Баъдтар сармуҳаррири маҷаллаи «Огонёк» Сафронов дар бораи Бобоҷон Ғафуров менависад: «Домони фарохи дониш, воридият дар масъалаҳои адабиёт, ҷуръат имкон медоданд, ки Бобоҷон Ғафуров ба масъалаҳои мухталиф даст занад. Баромади ӯ дар съезди ХХ муҳаққиқи шарқшинос ва адабиётшиносро мемонд, ки як ҷунбише дар толор ба амал овард». Шояд ҳамон соат дар сари Н.С.Хрушёв фикри сарвари ин институт таъин кардани доктори илми таърих Бобоҷон Ғафуров ба миён омада буд ва он ба ҳадафи Бобоҷон Ғафуров дар навиштани таърихи мукаммали халқи тоҷик мувофиқат мекард.
Соли 1956 ӯ директори институт таъин шуд. Институт дар системаи Академияи илмҳо мавқеъ надошт. Ҳамагӣ 110 корманд ва 8 шуъба дошт, ки масруфи тадқиқотҳои сирф академикӣ буданд. Вазъият тарзе буд, ки дар съезди ХХ партия баён ёфт: Шарқи бедоргашта Институти ховаршиносиро хуфта дарёфт. Доираи назар, қобилияти ташкилотчигӣ ба Бобоҷон Ғафуров имкон дод самти тадқиқотҳо, структураи институтро тағйир диҳад, робитаро бо муассисаҳои илмӣ ва донишкадаҳои мамлакатҳои хориҷӣ барқарор созад. Муҳимтар аз ҳама, ӯ мубориз буд. Ҳарчанд муносибати ӯ бо президенти АИ СССР Келдиш мураккаб буд, масъалаҳои ҷиддиро наздаш мегузошт ва ба ҳаллаш шарафёб мешуд. Дар суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо академик Е.Примаков, ки солҳои зиёд муовини Бобоҷон Ғафуров буд, чунин гуфт: «Бобоҷон Ғафуров тавонист на танҳо қувваи марказ, балки қувваи ҷумҳуриҳои иттифоқиро низ истифода барад. Тадқиқотҳои ӯ дар се самт сурат мегиранд: омӯхтани таърих ва вазъи ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳии халқҳои шарқ, назария ва амалияи сиёсати миллӣ, масоили таъриху фарҳанги халқҳои шарқ дар замони бостон ва асри миёна.
Дар нахустин Конгресси ховаршиносӣ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дастаҳои ҳунарии этнографӣ фиристоданд, ки барномаҳои конгрессро рангин намуд. Конгресси мазкур дар таърихи илми ховаршиносӣ абадан боқӣ монд».
Дар ин конгресс шоири халқи Тоҷикистон Ҳикмат Ризо даъват шуда буд.
Бобоҷон Ғафуров қобилияти беҳамтои ташкилотчигӣ зоҳир намуд. Вусъати назар, қобилияти баланди корӣ, идроки сиёсӣ, фаҳми махсусияти инкишофи илм ҷиҳатҳои фарқкунандаи Ғафуров буданд. Зери роҳбарии Ғафуров Институти халқҳои Осиё ба бузургтарин маркази илми ховаршиносӣ дар Иттифоқи Советӣ ва арсаи байналхалқӣ табдил ёфт.
Ғафуров дар Сорбон
чароғро хомӯш карданд ва микрофонро куштанд
«Таърих кам олим ва сиёсатмадореро медонад, ки ба андозаи Бобоҷон Ғафуров ҷуръат ва матонат дошта бошад»,- мегӯяд акдемики АИ СССР Григорий Максимович Бонгард- Левин. Ва ӯ ҳодисаеро нақл мекунад. Нуфуз ва эътибори байналхалқӣ пайдо кардани Институти шарқшиносӣ самараи ҷуръат, вусъати назар, сиёсатмадорӣ ва истеъдоди баланди созмондиҳии Бобоҷон Ғафуров гашт ».
Соли 1973 дар Париж, дар Университети Сорбон Конгресси XXIX байналхалқии ховаршиносон доир гашт. Дар он таҳти сарварии академик Бобоҷон Ғафуров беш аз 40 нафар олимон аз Иттифоқи Советӣ иштирок доштанд. «-Дар толорҳои институт садоҳо ба гӯш мерасиданд, ки вакилони Франсия бо ҳамкасбони ғарбии худ мехоҳанд шарқшиносиро ҳамчун илми мустақил барҳам диҳанд ва ва вазифаҳои онро ба илмҳои мустақили дигар: таърих, иқтисод, адабиёт ва ғайра диҳанд. Албатта, мухолифони ин назар низ буданд. Вакилоти СССР низ зид буданд. Дар яке аз ҷаласаҳои хотимавии конгресс дар Университети Сорбон, ки дар он беш аз 500 вакил иштирок доштанд, баҳси шадиде атрофи ин мавзӯъ сурат гирифт».
Дар яке аз суҳбатҳо аъзо-корреспонденти АИ СССР Бонгард Левин Григорий Максимович нақл кард, ки дар ҷаласа зимнан сухан аз аз ҷои баргузории Конгресси навбатӣ мерафт. Ховаршиносони Ғарб борони туҳмат бар сари СССР мерезанд.
«Қисмати аввал – суҳбати илмӣ ба анҷом расид, -нақл мекунад аъзо-корреспонденти АИ СССР Бонгард Левин Григорий Максимович Бахши дуюм таъини ҷои конгресси навбатӣ буд. Як нафар намояндаи кишварҳои сеюм Иттифоқи Советиро ном бурд. Чанд нафар аз олимони буржуазӣ, ки ҳадафашон сиёҳ кардани кишвари Советҳо буд борони буҳтон ба сари ин кишвар ва илми шарқшиносии он мерехтанд. Бобоҷон Ғафуров, ки дар паҳлуям менишаст, чизе гуфту ҷояш бархест. Аз нигоҳаш оташи ғазаб меборид. Манзараи аҷиб. Толор гӯш ба қимор буд. Ҳама чашмҳо ба Ғафуров, ки хиромон-хиромон сӯи минбар мерафт, дӯхта шуда буданд. Ӯ аз туҳмати душманони СССР дар ғазаб буд. Замоне ки ба ҳаяҷон меомад, ба забони форсӣ сухан мегуфт: «Ман ба дурӯғ нафрат дорам. Ва нафратам бар мардуми дурӯғу ҳазор чандон бештар» шурӯъ кард ӯ ба сухан.
Толор ҳамчунон гӯшу ҳуш буд. Ногоҳ садои микрофон қатъ гашт. Ғафуров бо садои ҷарангосӣ ба бурдборонаи худ, ки ба ҳама дастрас буд, суханашро давом дод. Чанде нагузашта, барқ ҳам хомӯш гашт. Вале Ғафуров, ки аз чунин тарзи муборизаи душманони идеологӣ бохабар буд, то охир суханашро гуфт. Даме, ки ӯ аз зинапояҳо мефаромад, толор ба кафкӯбӣ даромад.
«Ғафуров ҷосус»
Австралия. 20 апрели соли 1970. Бобоҷон Ғафуров барои барқарор кардани муносибат ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни шарқшиносони СССР ва Австралия ба ин кишвар сафар мекунад. Дар доираи сафар роҳбарияти Университети Канбер мулоқоти Бобоҷон Ғафуровро бо олимон ва донишҷӯёни университет баргузор менамояд. Дар рафти мулоқот котиби илмии Университет бо ранги парида рӯзномаеро ба Бобоҷон Ғафуров дароз мекунад ва мегӯяд: «-Ҷаноби академик, нохушӣ!». «-Ба мақола, ки дар он акси Бобоҷон Ғафуров низ буд, мегӯяд тарҷумон С. Барабанов зикр ёфта буд, ки Ғафуров бо дастури ҷосусию сиёсӣ ба ин кишвар омадааст ва мехоҳад дар Ҳизби коммунист таҷдид созад ва дастур ба ҷосусони «маҳаллӣ» диҳад. Аз тарс пойҳоям аз ҳаракат бозмонданд. Ғафуров гӯё ҳодисае рӯй надода бошад, ором суҳбатро идома дод».
«-Ҳамон рӯз Бобоҷон Ғафурович дастур доданд, ки конфронси матбуотӣ баргузор кунем», -давом медиҳад суханашро А.Барабанов. Аз даҳҳо рӯзномаю телевизионҳо хабарнигорон ҷамъ омада буданд. Бобоҷон Ғафуров суханашонро чунин оғоз намуданд: «- Ҷанобон, ба ин марди миёнқади бингаред! Ноход гумон кунед, ки ӯ ба ҷосус монанд аст!». Садои ханда толорро фаро мегирад, фазо ба нармӣ мегарояд. Сипас, Бобоҷон Ғафуров бо лаҳни танз ба сухан идома медиҳанд: « — Оё барои акадеики СССР мақоми ҷосусӣ ночиз нест? Магар ду -се рӯз барои ворид сохтани таҳаввулот дар Ҳизби коммунисти Австралия бисёр нест!». Рӯзи дигар рӯзномаҳои Астралия бо сарлавҳаи «Ғафуров тамасхур мекунад!»,«Лабханди Ғафуров», «Ғафуров ба ҳоли мо механдад!» рӯи чоп омаданд.
(давом дорад)
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ