Нақшаи буҷет иҷро нагардид

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 млрд. 862 млн. сомониро ташкил додааст.

Дар маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба андозаи 2,9% камтар аст.

Давоми се моҳи аввали соли 2017 ба буҷет ворид шудани 5 млрд. 7 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, вале ба мақомоти молия ҷамъоварии 145 сомонӣ ба нафъи буҷет муяссар нагардидааст. Тамоили камбуди буҷети давлатӣ тайи се соли ахир пайдарпай ба мушоҳида расида, аз нақшаи пешбинишуда мунтазам ба буҷет 3-4% камтар маблағ ворид мегардад. Соли 2016 камбуди буҷети Тоҷикистон беш аз 781 млн. сомонӣ (100 млн. доллар бо қурби аввали соли 2017)-ро ташкил дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *