Набераи Назарбоев шартан аз озодӣ маҳрум шуд
Додгоҳи Бритониё Ойсултон Назарбоев, набераи 28-солаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро, ки дар шаҳри Лондон истиқомат мекунад, барои ҳамла ба корманди пулис шартан 1 сол аз озодӣ маҳрум кард.
«Назарбоев ба он айбдор дониста шуд, ки 5 июни соли равон дар минтақаи Ковент-Гарден зери таъсири маводи мухаддир ба кормандони пулис муқобилат нишон дода, якеашонро газида ва латтукӯб кардааст. Ба иттилои тафтишот, пайи дандонҳои Назарбоев дар дасти корманди пулис Росс Сэмбрук мондааст», — омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Ду рӯз пеш аз ин ҳодиса кормандони пулисро ба утоқи хоби Назарбоев дар меҳмонхонаи International Park Plaza Hotel даъват карданд, ки вай «ба айвон баромада, таҳдид дошт, ки худро ба замин мепартояд».
Қарори додгоҳ барои Назарбоеви хурдӣ 18 моҳ муҳлати санҷишӣ, 140 соат корҳои ислоҳӣ, 1 ҳазор фунт ҷарима пешбинӣ карда, ҳамчунин вайро вазифадор мекунад, ки табобат аз муътодӣ ба маводи мухаддирро идома дода, дасти кам 20 бор ба назди табиб равад. Агар ӯ дар муҳлати санҷишӣ қонунеро нақз кунад, ҷазои шартияш ба ҳабс табдил хоҳад ёфт.
Ойсултон Назарбоев писари Роҳат Алиев ва Дариға Назарбоева, духтари президенти Қазоқистон аст. Ӯ соли 2017 дар Фейсбук ба таври ошкоро эътироф карда буд, ки чи гуна ба маводи мухаддир муътод шуд ва чи тавр бобояш Нурсултон Назарбоев ӯро аз ин бадбахтӣ наҷот дод.
«Худоро шукр, ки тасмими дуруст гирифтам ва ба бобоям эътироф кардам. Агар президенти дигар мешуд, шояд дар ин гуна ҳолатҳо талош мекард, ин қазияро пинҳон дорад ё аз ӯ халос шавад. Вале Нурсултон Назарбоев ин корро накард. Ӯ ҳам бобову ҳам падари воқеӣ аст. Аввалин чизе, ки гуфт, ин буд: «Офарин, ки содиқ ҳастӣ. Бемории вазнин аст, аммо ту аввалину охирин нестӣ. Ту метавонӣ онро шикаст диҳӣ», — навишт Назарбоеви хурдӣ дар Фейсбук.
Ба гуфтаи Назарбоев, ӯ баъди марги бобояш академик Мухтор Алиев ва худкушии падараш Роҳат Алиев дар зиндони Австрия ба як ҳолати вазнини равонӣ қарор гирифта, ба маводи мухаддир муътод шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ