Набераи ноиби нахуствазир боздошт шуд

Набераи Алӣ Ҳасанов, ноиби нахуствазири Озарбойҷон барои садамаи маргбор дар Боку боздошт шуд.

Вазорати дохилии Озарбойҷон гуфт, ки Нойил Аллаҳбердиев ба боздоштгоҳ интиқол ёфт ва таҳқиқи парванда идома дорад.

Биноба изҳороти Вазорати дохилӣ, Аллаҳбердиев дар таърихи 3 август, бо мошини тамғаи Mercdes SUV ду нафарро ҳалок ва ду нафари дигарро маҷруҳ кард.

Ба гуфтаи Вазорат ронандаи мошини дигар, ки як тарафи садама буд, низ боздошт шудааст.

Дар изҳорот омадааст, ки сарфи назар аз ҳушдорҳои ҷиддии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, мавридҳои суиистифода аз мақом ва содир кардани ҷиноят аз тарафи мансабдорони давлатӣ ва хонаводаҳои онҳо мушоҳида мешавад.

«Алайҳи мақомоти давлатӣ ва аъзои хонаҳодаи онҳо, ки талаби раҳбари давлатро ба инобат намегиранд, ба ҷомеаъа беҳурматӣ нишон медиҳанд ва қонуну тартиботро берҳмона поймол мекунанд, тадобири ҷиддӣ андешида мешавад»- омадааст дар изҳороти Вазорати дохилии Озарбойҷон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *