Набиҷон Пирматов: Тамошобини тоҷик бояд патриот бошад!

Субҳи имрӯз 18- уми июл қаҳрамонҳои асосии филми овозадори «Арӯси замонавӣ» (Рустам) Набиҷон Пирматов ва (Сабрина) Сабина Шаймардонова меҳмони сомонаи « Tajikistantimes.tj» ва рӯзномаи «Оила» шуданд.

Зимни сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи «Tajikistantimes.tj» Набиҷон Пирматов гуфт, ки « Аз банаворгирии қисми дуюуми филми «Аруси замонавӣ» комилан қаноатманд ҳастем, зеро дар он тамоми ҷузъиёти филм пурра ба навор гирифта шуда, актёрони касбӣ ҷалб шуда буданд».

Дар идома қаҳрамонҳои филм бо тафсил ба суолҳои хабарнигорон посух доданд:

— Сабрина, дар қисми дуюм шумо ба худ рақиб пайдо мекунед, росташро гӯед, вақте ки рақиб пайдо кардед, чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифт?

— Рости гап эҳсоси хеле бад. Ман тамоман рақобатро дӯст намедорам, чи солим бошад, чӣ носолим. Боз рақобат барои бахт. Ин чизи хеле бад аст. Худо накунад, ки дар ҳаёти шахсиям ба чунин тазод рӯ ба рӯ шавам.

— Набиҷон, шумо ба ифтихор мекунед, ки ду духтари зебо барои шумо мубориза мебаранд?

( Сабрина) – Напурсед, аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид, ба ӯ Худо дода буд. «Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре» (механдад).

(Набиҷон)- Э, биё мон, ки боз янгаат фаҳмида, рашк набарад, ки дар бало мемонем (механдад). Рости гап ман он замон як ноҳинҷориро ҳис кардам. Аввал Сабрина, духтаракеро ки дӯст дошта будам, баъд ҷияни Гулсунбӣ- духтаре, ки аз хурдӣ бо ӯ дар як ҷо калон шуда будем, боз модарам тарафдори ин духтари замонавии қишлоқ буд. Хулоса, ман низ ба худ чунин ҳаётро тасаввур намекунам. Хайрият, ки ҳамсарамро худи модарам (дар ҳаёти аслӣ) интихоб карда буданд.

— Воқеан, росташро гӯед, Набиҷон шумо ҳам мисли аксари ситораҳо «бабник» ҳастед ё…

— Фарангис, шумо ҳамеша «суолҳои қоғазпеч»-ато тайёр аст-а? Илтимос маро ба янгаатон ҷанг наандозед (механдад).

— Агар ҷиддӣ гирем-чӣ?

— Фикр мекунам, ки ҳаёти оилавӣ аз саҳна ҷудост. Ман албатта ба мухлисдухтаронам сӯҳбат мекунам, аммо оила бароям чизи муққаддас аст. Чӣ магар ба номи ман ҳам мактуби ошиқона омад?

— Курбони аҳли фаҳм шавам.

— Ин хел нагӯед, ки дар бало мемонем (механдад)…

(Давоми сӯҳбатро аз шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила» ҶӮЕД! ЁБЕД! ХОНЕД!

Таҳияи Фарангиси Фармон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *