Набси дурбинҳои назоратӣ дар фоҳишахонаҳо
Дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон дар даҳлезҳое дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд, ки занҳои фоҳиша онҷо истиқомат доранд.
Дар ин бора мақомоти Намангон 20 январ хабар доданд.
Бино ба иттилои мақомот, насби дурбинҳои назоратӣ ба хотири пешгирӣ аз фоҳишагарӣ аст. Ба ҷуз марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ, мағозаҳое, ки нушобаҳои спиртӣ мефурӯшанд ва инчунин майдонҳои марказии шаҳр бо дурбинҳо назорат мешаванд.
«Дурбинҳои назоратӣ аз шуъбаҳои корҳои дохилӣ тамошо ва на наворҳои сабтшуда то як моҳ ҳифз мешаванд», — омадааст дар хабар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ