Путин: Набуди созишномаи сулҳ миёни Русия ва Ҷопон сафсатта аст

Нахуствазири Ҷопон Фумио Кишида аз нияти ба роҳ мондани «музокироти суботкорона» дар бораи бастани тавофуқномаи сулҳ бо Русия бар асоси созишномаҳо ва асноди мавҷуда хабар дод.

Кишида субҳи рӯзи 7-уми феврал гуфт: «Ман самимона таассуф мекунам, ки бо гузашти 76 сол аз анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мушкили манотиқи шимолӣ ҳал нашудааст ва созишномаи сулҳ миёни Ҷопон ва Русия баста нашудааст».

Ёдовар мешавем, ки ҷониби Ҷопон ҷазираҳои ҷанубии Курил — Кунашир, Итуруп ва қаторкӯҳҳои Курили Хурдро ҳамчун як шарти бастани шартномаи сулҳ бо Русия иддао мекунад, маҳз онҳоро дар Токио «ҳудудҳои шимолӣ» меноманд.

«Ман ният дорам, ки бо Русия оид ба ин масъала бо риояи тамоми созишномаҳои қаблан ҳосилшуда, аз ҷумла созишномаҳое, ки дар соли 2018 дар сатҳи олӣ дар Сингапур ба имзо расида буданд, гуфтушунидҳои устувор гузаронам», — гуфтааст Фумио Кишида ба нақл аз ТАСС. Тавре сомонаи kp.ru навишт, қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфта буд, ки набуди созишномаи сулҳ миёни Русия ва Ҷопон сафсата аст ва ҳарду кишвар манфиатдоранд, ки равобит ба эътидол ояд.

Вай инчунин қайд кард, ки Москва хамеша тарафдори ҳтироми натиҷаҳои ҷанги дуйуми ҷаҳон ва тарафдори гуфтушунид оид ба шартномаи сулх мебошад. Тарафи Россия тайёр аст, ки корро дар асоси декларацияи соли 1956-уми Иттифоқи Советӣ ва Япония созад, вале Япония мавқеи худро доимо тағир медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *