Надоштани ниқоб ҷарима, паҳн кардани беморӣ зиндон

10-уми июн вакилони парлумони Тоҷикистон тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул карданд. Дар асоси он шахсоне, ки боис ба паҳншавии бемории хафвнок мегарданд, аз 2 то 5 сол ва дар сурати такрор ёфтан аз 5 то 10 сол ба ҳабс маҳкум мешаванд.

Тарҳи иловаҳоро Вазорати адлия пешниҳод кардааст. Музаффар Ашӯриён, вазири адлия дар парлумон гуфт, чунин муқаррарот барои нақзи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи пандемия низ дахл дорад.
Дар ҷаласа ҳамчунин, тағйиру иловаҳо ба Кодекси маъмурӣ ворид шуд, ки барои надоштани ниқоби тиббӣ аз ду то панҷ нишондиҳанда, яъне аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ мекунад.
Барои пахши ахбори ғалат дар расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ дар бораи пандемия низ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Ҷаримаи пахши ахбори ғалат барои шахсони воқеӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда (як нишондиҳанда 58 сомонӣ аст) барои ҳисобҳо ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *