Нафақа зиёд шуд, нафақагир ҳам…

Имсол андозаи нафақаи 775 008 нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, мавриди индексатсия қарор гирифтааст. Дар натиҷа андозаи миёнаи нафақаи суғуртавии 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ, нафақаи меҳнатии 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ ва нафақаҳои иҷтимоии 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар шуд.

Дар ин бора директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода  зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ин маблағҳо бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли имсол ҷудо гардида, аз ҷониби  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаҳои  суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, аз оғози моҳи июл то имрӯз нафақаи нафақагирон бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт шуда истодааст.

Айни замон дар кишвар 815 ҳазору 658 нафар нафақагирон зиндагӣ мекунанд, ки нисбат ба ду сол пеш 13 ҳазору 516 ё 1,8 фоиз афзудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *