Нафақаи муҳоҷир: Вазорати номуваффақ ва 8 пешниҳод ба ҳукумат

Ба ҳисоби миёна дар Русия як муҳоҷири тоҷик  моҳона барои патент  5 000 рубл месупорад. Агар 5 000 рублро ба 800 000 нафар, ки мақомоти Тоҷикистон инро омори расмии муҳоҷирон арзёбӣ мекунанд, дар 1 моҳ зарб занем, 4 миллиард  рубл ҳосил мешавад. Дар як сол ин маблағ  ба 48 миллиард рубл  мерасад. Ғайр аз ин,  муҳоҷири тоҷик дар Русия барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ, ҷойи қайди зист,  миёнаравҳо маблағи зиёд  харҷ мекунад.  Дар сурати ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ин гуна маблағситониҳо пурра аз байн меравад.

Муҳоҷират  яке аз масъалаҳои доғи Тоҷикистон аст. Имрӯз кадом проблемаҳо пешорӯи муҳоҷирон қарор дорад ва ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон барои ҳалли он чӣ нақш доранд? Анвар  Бобоев, ки солҳои зиёд дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон кор карда, айни замон дар Институти иқтисод ва демографияи АИТ фаъолият дорад, вобаста ба  хомӯшии ниҳодҳои дахлдор ба мушкилоти муҳоҷирони кишвар дар Русия  ба саволҳои “Тоҷикистон” посух гуфт.

Се шарти асосӣ барои муҳоҷирон

-Шумо солҳои зиёд дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон  фаъолият доштед  ва чанд сол сардори ин ниҳод ҳам будед. Дар ин давра барои беҳтар намудани шароити муҳоҷирон кадом корҳоро анҷом додед ва имрӯз мушкилоти онҳоро дар чӣ мебинед?

-Ман асосан  дар ин сохтор солҳои 2000-2015 фаъолият доштам. Ин давраи  аввали оғози раванди муҳоҷират буд ва дар ҳақиқат, кору фаъолият душвортар ба назар мерасид, зеро ибтидои ҳар кор низоми дуруст ва санадҳои танзимкунандаро талаб мекунад. Агар қонун бошад, албатта, самти кор муайяну пеш меравад. Мо бо Русия 16 октябри соли 2014  Созишномаи муҳоҷирати кориро ба имзо расонидем ва дар ҳамин вақт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора гурӯҳи кории байни Тоҷикистону  Русия вобаста ба омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷирон ташкил гардид. Ин гурӯҳ дар як сол як маротиба натиҷаи кори худро ҷамъбаст мекард. Аммо ба гузашта назар афканем,  асосан рафтуомади муҳоҷирон аз соли 2000 — ум оғоз гардидааст. Аз ин пеш ташкилотҳои байналмилалӣ рафтуомади муҳоҷиронро ба ҳисоб гирифта, маълумоти омориро  низ  ба таври худ шарҳ медоданд.  Баъдан, дар Хадамоти муҳоҷират ин ба ҳисоб гирифта мешуд.

-Имрӯз Тоҷикистон интиқолдиҳандаи қувваи корӣ ба хориҷи кишвар табдил ёфтааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ ҳар сол зиёда  800 ҳазор  муҳоҷирони  тоҷик дар қаламравии Русия фаъолияти меҳнатӣ мекунанд. То кадом андоза онҳо бо омодагӣ ба қаламрави Русия ворид мешаванд?

-Якум, аксари  муҳоҷирон забони кишвари қабулкунандаро намедонанд. Дуюм, касбу ҳунари муайяни талабгори бозори меҳнат надоранд. Сеюм, ба қонунгузорӣ ва фарҳанги он кишвар шинос нестанд.  Мутаассифона, дар давоми 15 сол, ки муҳоҷирон барои фаъолияти меҳнатӣ  ба Русия рафта меоянд, дар муассисаҳои касбии Тоҷикистон вазъи омӯзиши касбу ҳунар дигаргун нашудааст. Тоҷикистон танҳо соли 2008 тавонист, Маркази касбомӯзии калонсолонро дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис диҳад, ки воқеан, хоҳишмандонро касбу ҳунар ва забони русӣ меомӯзонад.  Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон намояндагии маркази мазкур кушода шудааст. Аммо  ин марказҳо имкони пурра ба таълими касбомӯзӣ ва забондонӣ фаро гирифтани  муҳоҷиронро надоранд. Қариб 1 миллион муҳоҷир дорем, ин марказҳо ҳамагӣ дар як сол 10-15 ҳазор нафарро ба таълим фаро гирифта метавонанд.

Филиппин дар самти муҳоҷирон хеле пешрафта аст. Он ҳамчун кишвари интиқолдиҳандаи муҳоҷирон ба хориҷи кишвар  табдил ёфтааст. Солона аз тарафи ин кишвар ба бозор то  1 миллион нафар қувваи нави қобили меҳнат ворид мешавад.  Филиппин базаи касбии ҳозиразамон дорад ва ин қадар қувваи кориро дар марказҳои касбомӯзии худ тайёр мекунад. Ғайр аз ин, 300 ҳазор нафарро аз хориҷ, аз ҷумла Тайланд, Индонезия ва дигар кишварҳои ҳамсоя барои касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб менамояд. 

-Пас, чаро дар Тоҷикистон таҷрибаи Филиппин омӯхта намешавад? Умуман, дар Тоҷикистон дар ин самт коре ба анҷом мерасад?

-Дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 160 ҳазор қувваи нави корӣ ба бозори меҳнат ворид мешаванд. Аммо ҳамаи онҳо ба омӯзиши пурраи касбу ҳунар фаро гирифта намешаванд. Зеро  имкониятҳои муассисаҳои касбии Тоҷикистон хеле заиф ва дар як сол  ҳамагӣ  то 60 ҳазорро омӯзонида метавонанд. Тасаввур кунед, 100 ҳазори дигар куҷо мераванд?  Мутаассифона, ба бозори меҳнати Русия ба таври хом ворид мешаванд. Маркази тадқиқоти стратегӣ якҷо бо Агентии омор соли 2010 тадқиқот гузарониданд,  дар натиҷа, маълум шуд, ки  сатҳи касбомӯзии муҳоҷирон дар соли 2004 — ум 20,9 фоиз буд. Баъд аз гузашти 5 сол, яъне соли 2009 сатҳи касбомӯзӣ то 11,8 фоиз паст фаромад.  Аз ин бармеояд, ки имконияти касбомӯзӣ дар Тоҷикистон сол то сол коҳиш меёбад.

Иттиҳоди АвруОсиё ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

-Давоми 4 сол мешавад, ки  бо ташаббуси Русия Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст. Ба он 5 кишвар: Русия, Беларус,  Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомиланд. Давлатҳое, ки ба ин иттиҳоди панҷгона дохиланд, аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд. Ба андешаи шумо, ин иттиҳод ба муҳоҷирон чӣ медиҳад ва чаро Тоҷикистон майли ворид шудан надорад?

-Давлатҳое, ки ба ин иттиҳод шомиланд, дар бозори меҳнат ва муҳоҷират фазои ягона доранд. Ин, пеш ҳама, ба нафъи муҳоҷирон аст. Имрӯз муҳоҷирони Қирғизистон баробари ба қаламрави Русия даромадан, бе гирифтани патенту сертификат озодона ба кор машғул мешаванд. Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон чӣ? Барои  гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ камаш як моҳ вақт  сарф мекунанд. Дар ин муддат пули зистро диҳанд, қарзи сафарро фиристанд ва ҳамин гуна мушкилот болои ҳам зам мешаванд… Ҳар  як муҳоҷире, ки ба Русия меравад, дар ибтидо аз рӯи ҳисобҳо барои гирифтани  патент, будубош аз 30 то 40 ҳазор рубл сарф мекунад. Инчунин, барои патент ҳар моҳ 4-5 ҳазор рубл пардохт менамояд. Ин маблағи калон аст ва  ҳаминро мо дар Русия бой дода истодаем. Аммо кишварҳои аъзои иттиҳод ин қадар маблағ  сарф намекунанд.

-Яъне, шумо ҷонибдори аъзо шудани Тоҷикистон ба Итттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастед?

-Бале. Аз рӯи маълумоте, ки ман дорам, ҳоло дар Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, ба  омӯзиши иттиҳоди мазкур машғуланд. Ва ин гурӯҳ тарафи мусбӣ ва манфиро дида истодаанд. Чандин бор аз ҷониби коршиносони ин гурӯҳ назаре ҳам баён шуд, ки Тоҷикистон ҳоло барои ворид шудан ба иттиҳоди мазкур омода нест. Намояндаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон  гуфтааст, ки агар ба ин иттиҳод ворид шавем, андози гумрукӣ ба буҷет кам мешавад.  Агар хато накунам, гумрук ба буҷети Тоҷикистон ҳудуди 500-600 миллион доллар дар як сол ворид мекунад. Муҳоҷирон чӣ? Дар як сол ба Тоҷикистон 2 миллиард доллар ворид мекунанд. Танҳо дар соли 2013 ин рақам ба 3,5 миллиард доллар расида буд. Магар ин пули кам аст? Пулест, ки зинда  ба Тоҷикистон меояд.

 Хадамоти муҳоҷират ба тобеияти ВКД гузарад

-Ҳоло муҳоҷирони тоҷик ба муҳаррики иқтисоди кишвар табдил ёфтаанд.  Имрӯз то кадом андоза  ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ба мушкилоти муҳоҷирон расидагӣ мекунанд?

— Муҳоҷирони мо баъди бозгашт аз Русия соҳиби касбу кори гуногун мешаванд. Барои онҳо ин ҷо мебояд, ки фазои озод муҳайё сохт. Барои ин чӣ бояд кард? Дар Тоҷикистон вазорат ё кумита оид ба муҳоҷират ва диаспора ташкил карда шавад. Муҳоҷирон низ ниёз ба сохтори мустақил доранд. Имрӯз дар Тоҷикистон ниҳодҳои зиёде мавҷуданд, аммо ниёзҳо ва манфиати муҳоҷиронро бароварда наметавонанд. Бубинед, ки дар 10 соли охир маблағгузории муҳоҷирон ба Тоҷикистон зиёда аз 22 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ягон институти молиявӣ ва вазорати Тоҷикистон чунин маблағгузорӣ карда наметавонанд. Пас, муҳоҷирони меҳнатӣ наход сазовори як ниҳоди алоҳида набошанд, то сиёсати муҳоҷирон ва сиёсати Ҳукуматро  пеш барад?  Дар ҳар сафар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, бо роҳбарони ҷамъиятҳо ва намояндагони муҳоҷирон дидору гуфтугӯ мекунанд. Ба масъулини дахлдори Тоҷикистон дастур медиҳанд, ки мушкилоти муҳоҷиронро ҳал кунанд. Аммо вазоратҳои дахлдор аз пайи ҳалли масъала намешаванд. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сохторҳои  дахлдор вобаста ба беҳбуди фаъолияти  муҳоҷирон пешниҳодҳо ироа намегарданд.

— Хадамоти муҳоҷират зерсохтори Вазорати меҳнат  аст, ки  дар он беш аз 300 нафар фаъолият доранд. Нақши ин сохторро дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Вазорати мазкур ба фаъолияти муҳоҷирон ва беҳбуди кори онҳо то андозаи зарурӣ муваффақ нашуд. Хадамоти муҳоҷират аз соли 2011 то 2013 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Дар ин муддати кӯтоҳ мо тавонистем бо Русия ва Беларус 3 созишнома вобаста ба фаъолияти муҳоҷирон ба имзо расонем. Мутаассифона, баъд аз моҳи ноябри соли 2013 шомил шудани Хадамоти муҳоҷират ба вазорати мазкур то ин ҷониб, яъне дар 5 сол  ягон созишнома доир ба масъалаи муҳоҷирон ба имзо нарасид. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз ба як сохтори хомӯш табдил ёфтааст ва ҳеҷ тасмиме гирифта наметавонад. Русия дар ин маврид фикр мекунад, ки Тоҷикистон хоҳони тақвияти ҳамкорӣ дар масъалаи муҳоҷират нест.

Яъне, гурӯҳи корӣ ҳам аз тарафи Тоҷикистон натавонистанд, ки манфиати моро ҳимоя кунанд.

 Ду лоиҳаи қонун, як лоиҳа дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар дар бораи агентиҳои шуғл буд. Ҳарду лоиҳа дар соли 2013 ба миён баромада буд.  Дар байни вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасиву омӯзиш қарор гирифта буд. Дар давоми 5 сол ин лоиҳаи қонун ҳам қабул нашуд.  Ҳарчанд ин ду қонун барои мо мисли обу ҳаво лозим аст.  Масъалаҳои зиёде дар фаъолияти муҳоҷирон мавҷуд аст, ки роҳи ҳал мехоҳад. Аммо бе қонун чӣ гуна метавон онро бартараф кард? Қонуне бошад, ки механизми ҳамкориро бо идораҳои дахлдор ба танзим дарорад. Ҳар як масъала дар ҳамбастагӣ ва сарҷамъӣ  ҳалли худро пайдо менамояд. Чаро тақдири 1 миллион муҳоҷири тоҷикро мо фикр намекунем? Агар мо худ сари ин андеша накунем, кӣ аз пайи он мешавад?

-Соли 1999 Қонуни ҶТ “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ” қабул шуда буд. Магар ин  қонун ниёзҳои муҳоҷиронро бароварда наметавонад?

-Қонуни мазкур тамоми масъалаҳоро фаро намегирад. Он дорои  27 модда мебошад, аз ин 14 модда ба муҳоҷирони меҳнатии хориҷа, ки ба Тоҷикистон меоянд,  дахл дорад. Ин қонун низ соли 1999 қабул шуда, он куҳна  ва ниёз ба такмил дорад. Агар қонунҳои нав қабул шаванд, созишномаҳои нави ҳамкорӣ барои беҳбуди фаъолияти муҳоҷирон ба имзо расанд, эътибори муҳоҷирони мо дар Русия баланд мешавад.

Ман дар ҷавоб ба як саволи шумо Филиппинро мисол овардам. Ин кишвар  зиёда 12 миллион муҳоҷир дар хориҷи кишвар дорад. Вақте ки онҳо ба Ватан бармегарданд, онҳоро ҳамчун қаҳрамони кишвари худ пешвоз мегиранд. Чунки  ба ватани худ маблағгузорӣ мекунанд.

-Хадамоти муҳоҷирати Русия зерсохтори Вазорати корҳои дохилӣ аст. Замоне Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳам дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Чӣ сабаб шуд, ки онро аз ин вазорат гирифтанд? Магар вақти он нарасидааст, ки дубора он ба ин вазорат баргардонида шавад?

-Дар сурати сохтори алоҳида ташкил нашудан, беҳтар аст, ки Хадамоти муҳоҷират ба сохтори Вазорати корҳои дохилӣ гузаронида шавад. Зеро ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Русия бисёр дар сатҳи хуб қарор дорад. Албатта, ин ба фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон низ таъсири мусбӣ мерасонад. Вақте ки Хадамоти муҳоҷират дар сохтори ВКД буд, фаъолияташ мунтазам ва бобарор пеш мерафт. Ошкоро мегӯям, ки фаъолияти имрӯзаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар сатҳи хеле паст қарор дорад.

Тақдири нафақаи муҳоҷирон ва 8 пешниҳод

-Солҳост, ки атрофи нафақаи муҳоҷирон баҳсҳо идома доранд. Аммо гап дигару амал дигар. Ҳайати  Тоҷикистон чандин маротиба ба Маскав сафар доштанд, аммо ҳалли масъала норавшан боқӣ монд. Тақдири нафақаи муҳоҷирони тоҷик чӣ мешавад ва барои ин чӣ бояд кард?

-Ҳамин масъала дар лоиҳаи қонун ва созишномаҳое, ки ба имзо нарасиданд, дарҷ шудааст. Вақте ки гурӯҳи корӣ аз ду ҷониб сари мизи музокирот мешинанд, ҳар кишвар, албатта, манфиати худро боло мегузорад. Аз ин 5 созишнома Русия Тоҷикистонро хоҳиш мекард, ки созишнома оид ба риамиссия ба имзо расонем. Яъне, он муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ фаъолият доранд, онҳо ба Тоҷикистон бозгашт шаванд. Баъзе масъалаҳое ҳам ҳастанд, ки тавассути Русия ба Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистон ба ватанашон бозпас фиристода шаванд. Яъне, маблағи бозгаштро Русия бар зимма мегирифт. Афғонҳоро низ то ба Кобул маблағашонро медод. 

Дар баробари ҳамин яке аз созишномаҳои дигар суғуртаи иҷтимоии нафақа мебошад. Ин масъала низ дар давоми 7-8 сол инҷониб ҳалли худро пайдо накард. Дар ин ҷо гурӯҳи корӣ иборат аз коршиносони варзида бояд бо гурӯҳи кории Русия сари мизи музокирот нишинанд. Мо бояд ҷониби Русияро фаҳмонем ва масъалаи нафақаи муҳоҷиронро ба миён гузорем.

Як мисоли одӣ меорам. Тасаввур кунед, агар ба ҳисоби миёна 500-600 ҳазор муҳоҷир дар Русия кор кунад, маоши миёнаи онҳо 500 доллар аст. Дар як моҳ 250 миллион маблағгузории муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Аз 5 рубле, ки муҳоҷири меҳнатӣ ба даст меорад, 4 рублаш дар Русия боқӣ мемонад,  танҳо як фоизи кам ба Тоҷикистон ворид мешавад. Яъне, муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисоди Русия саҳми калон мегузоранд.  Дар Тоҷикистон 25 фоиз барои фонди ҳифзи иҷтимоӣ  ситонида мешавад. Дар Русия низ айнан чунин ҳолат аст. Агар 50 фоизи маблағ аз  250  миллион ба Тоҷикистон барои фонди нафақа биёд, магар бад аст? Соли 2005 дар Тоҷикистон 523 ҳазор нафақахӯр доштем. Дар соли 2018 теъдоди онҳо ба 679 ҳазор расид. Аммо нафақаи миёнаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба 310 сомонӣ баробар аст. Магар ин нафақа ба шаҳрвандони мо басанда аст? Бо ин маблағ ҳаққи истифодаи барқ, об ва дигар хизматрасониҳоро диҳанд,  нон харанд, боз чӣ кор кунанд? Бинобар ин, агар мо тавонем бо Русия гуфтушунид карда, манфиати ду ҷонибро ба назар гирем, хуб аст. Барои ин идораи бонуфузи ваколатдор лозим аст, ки аз пайи ҳалли масъала шавад.  Супориши Ҳукумат ва сиёсати муҳоҷиронро пеш барад. Манфиати 1 миллион муҳоҷири Тоҷикистонро дар Русия ҳифз намояд. Муҳоҷирони мо бояд сарпараст дошта бошанд. Агар идораи бонуфуз набошад, ҳалли масъала пайдо намешавад.

-Барои ҳалли масъалаи мавҷудаи муҳоҷирон ба таври мушаххас гуфта метавонед, ки  кадом корҳоро ба анҷом расонем?

— Тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад: Якум, қабули қонуни муосир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ. Дуюм, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа ва вазъи бозори меҳнати ҷаҳонӣ. Сеюм, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои қабули муҳоҷирон. Чорум, бо таҷҳизоти замонавӣ ва устодони истеҳсолии таҷрибадор таъмин намудани омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ ва тайёр намудани мутахассисони бомаҳорат барои бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар. Панҷум, таъсис додани  ниҳоди алоҳида, яъне вазорат ва ё Кумитаи муҳоҷират ва диаспораҳо ва дар ин замина тайёр кардани мутахассисони болаёқат бо роҳи кушодани шуъбаи муҳоҷират дар яке аз донишгоҳҳои мамлакат. Шашум, таҳти раисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба муҳоҷират бо шомил гардидани роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ. Ҳафтум, таъсис додани вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати муҳоҷират.  Ҳаштум, ба ҳайати Парлумони мамлакат интихоб намудани вакилони мардумӣ аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ, диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ.

Дар ҳолати иҷро гардидани масъалаҳои зикршуда, ба андешаи ман, Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи муҳоҷират татбиқ намуда, онро дар рушди иқтисодию  иҷтимоии мамлакат самаранок истифода барад.

Мусоҳиб Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *