маош

Нафақаю маош зиёд мешавад. Аз кӣ чанд фоиз?

Президенти Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод кард, ки аз соли оянда маошу нафақа ва стипендия зиёд карда шаванд. Пешниҳоди Президенти кишвар дар Паёми имсола ироа шуд.

Ҳамин тавр, аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунанди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25% зиёд карда мешавад.

Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба парлумон баён дошта, афзуд, ки музди дигар кормандони ин мақомот 20% зиёд мегардад.

Бар асоси пешниҳоди президент, аз 1-уми июли соли 2023 музди кормандони маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20% афзоиш меёбад.

Инчунин, аз моҳи июл андозаи нафақаи заминавӣ 20%, нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16% индексатсия зиёд карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20% аз меъёри нафақаи заминавӣ афзоиш меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *