Нафақа бозбинӣ мешавад

Нафақаи бознишастагоне, ки аз оғози соли 2017 тибқи қонуни нав ба нафақа баромада буданд, аз нав ҳисоб карда мешавад.

Масъулони Оҷонсии нафақа мегӯянд, тибқи тартиби нав тамоми нафақаҳое, ки баъд аз моҳи январи соли равон ҳисоб шудаанд, аз нав бозбинӣ ва то 20-25 дарсад зиёд хоҳанд шуд. Бозбинии нафақаҳо дар пайи шикояти зиёди нафақахӯроне сурат мегирад, ки иддао доштанд баъди 25-30 соли кор, ба онҳо нафақаи ночиз таъин кардаанд. Дар соли 2017 дар Тоҷикистон қонуни нав ба иҷро даромад, ки тартиби таъини нафақаро дигар кард. То соли 2017 маоши ду соли охири корманд ҳисоб ва ба 120 моҳ тақсим мешуд ва аз рӯи он нафақаро таъин мекарданд. Аммо тибқи қонуни нав, маблағҳое, ки корманд дар тӯли тамоми фаъолияташ аз маош ба фонди нафақа фиристодаст, ҳисобӣ шуда, ба 180 моҳ тақсим карда мешавад. Дар натиҷа нафақаи бисёре аз бознишастагоне, ки дар соли ҷорӣ бо қонуни нав ба нафақа баромаданд аз пешиниён камтар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *