Нафақахӯрӣ чаро даҳшат аст?

Аниқтар карда гӯем, ин марҳилаи ҳаётро тақозои замон, қонуну фармонҳо ва дастурҳо талху даҳшатнок намудаанд. Як худи дастури болоиҳо аз 24 апрели соли 2015 айши даҳҳо ҳазор нафақахӯронро, ки он замон дар сохторҳои буҷетӣ ва сектори хусусӣ кор мекарданд, талх намуд ва ҳатто сабаби марги даҳҳо нафарашон гардид.
Як чунин ҳодисаи маргборро дар мисоли собиқадори Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ Н. Н. шунидем, ки худораҳматӣ аз рухсатии меҳнатӣ баргашта, хостааст ба кори дӯстдоштааш шурӯъ намояд, вале дар шуъбаи кадрҳо ё молия гуфтанд, ки бо фармони раиси Кумита бинобар нафақахӯр буданаш аз кор озодаш карданд. Собиқадор, ки аз ғаму ғуссаи писари ғуррамаргаш ва дигар сабабҳо дилбемор шуда буд, ба хонааш расам ё нарасам сактаи дил шуда мефавтад. Пас аз ин ҳодисаи нангин ва беандешагии роҳбарон ҳамаи нафақахӯронро дар маҷлисгоҳ ҷамъ карда, ба онҳо моҳияти амри болоро фаҳмонда, дар вазъияти тантанавӣ ва бо туҳфаҳои хотиравӣ иҷборан ба нафақа гусел карданд, ки «раведу давлати пирӣ ронед».
(Хонандагони азиз! Давоми нигоштаи мазкурро дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа крда метавонед).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *