Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

19-уми марти соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк, инчунин доктори илмҳои филология, профессор Равшан Раҳмонӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва иштирокдорон дар бораи таърих ва моҳияти ин ҷашни пуршукӯҳ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз ва дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба ҷашни миллию байналмилалӣ табдил ёфтани он сухан гуфтанд.

Аз ҷумла, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни табрики иштирокдорони ҳамоиш дар баробари зикри мансубияти ин ҷашн ба мардуми тоҷик қайд кард, ки расму ойинҳо ва анъанаҳои Наврӯзи хуҷастапай дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ назир надоранд ва пайвандгари маънавии наслҳои инсонӣ мебошанд. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат дар ҳамин замина иброз доштанд, ки «Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад».

Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мост, ки дорои таърихи чандҳазорсола буда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ваҳдату иттиҳод, созандагию ободкорӣ, дӯстию инсонпарварӣ ва дигар арзишҳои олии башарӣ мардумро гирди ҳам овардааст. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як расму анъана чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз ҳамчун фарҳанг, нигоҳдорандаи асолату ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, марҳилаи зиёди пурпечутобро убур намуда, то замони мо расидааст.

Боиси ифтихор аст, ки мардуми мо ҷашнҳои муқаддаси миллӣ — Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тӯли асрҳо ҳифз намуда, то ба имрӯз арҷ мегузоранд. Ин ҷашнҳо арзишҳое чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстии қавму миллатҳои гуногунро зиёд мекунанд.

— Наврӯз анъана ва суннатҳои нек дорад ва Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ин анъанаҳо бо мақсади дастгирии дармондагону ниёзмандон ба таври мунтазам дар арафаи Наврӯз ва дигар идҳои расмӣ ба Муассисаи давлатии “Литсейи махсуси касбӣ”-и шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳӣ”-и шаҳри Ҳисор ва дигар шахсони ниёзманду оилаҳои камбизоат кумаки моддиву маънавӣ мерасонад,- қайд намуд Ф. Толибзода.

Дар идомаи ҳамоиш доктори илмҳои филология, профессор Равшан Раҳмонӣ дар робита ба таърихи пайдоиш ва анъанаи Наврӯз суханронӣ намуда, баён дошт, ки дар рушду эҳё ва таҳкиму муаррифии Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ саъю талоши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

— Маҳз бо ташаббуси роҳбари давлати мо созмони ЮНЕСКО соли 2009 ин ҷашни пайвандгари наслҳову аслҳоро ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии олам ворид кардааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша кӯшиш намоем, ки ҳангоми баргузории Наврӯз пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои бунёдкорӣ, миллатсозӣ, ваҳдатофаринӣ, зебопарастӣ ва эҳсоспарварии он таваҷҷуҳ намоем ва хусусияти миллии онро намоиш диҳем,- изҳор дошт Равшан Раҳмонӣ.

Маврид ба зикр аст, ки дар рафти чорабинии идона ғолибони мусобиқаҳои варзишии Бонки миллии Тоҷикистон, ки бахшида ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуд, аз ҷониби роҳбарияти бонк бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати дигари ҳамоиш намояндагони созмони ҷавонони бонк ва бонувони Бонки миллии Тоҷикистон бо шеъру таронаҳои наврӯзӣ рӯҳияи аҳли нишастро болида намуданд.

Дар фарҷом роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзи оламафрӯзро ба аҳли ҳамоиш муборакбод гуфта, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша барои ободию шукуфоии Ватани азиз сайъу талош намоянд ва тозаву озода нигоҳ доштани макони кору зисти ҳар кадоми мо Тоҷикистонро дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил диҳанд. 

Шуъбаи матбуоти БМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image