Нафосат: Блогнависон дар Ӯзбекистон озодона амал карда наметавонанд

Нафосат Оллашукурова, блогнависи ӯзбекистонӣ, ки соли гузашта ҳудуди се моҳ бо қарори додгоҳ дар бемористони касалиҳои руҳӣ табобат гирифт, ахиран Ӯзбекистонро тарк кард.

«Ҳамватанони азиз, ман маҷбур будам, ки кишварро тарк кунам. Аммо ман намехоҳам, ки шумо ин иқдоми маро тарсӯӣ ё фирор баҳо гузоред», — навишт вай дар саҳифаи Фейсбук.

Оллашукурова менависад, баъди рухсат ёфтан аз бемористон мақомот талош карданд, ки ӯро дар қайди бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Тошканд гузоранд ва ба ин тартиб тавонанд, ки ӯро дар ҳар лаҳза дубора ба бемористон интиқол диҳанд.

«Дӯстони азиз, ман ба хулоса расидам, ки блогнависон дар Ӯзбекистон наметавонанд, озодона амал кунанд ва ба ҳамин хотир ман маҷбур будам кишварро тарк кунам», — навишт вай.

Нафосат Оллашукурова, ки пайваста аз фаъолияти мақомоти давлатии Ӯзбекистон интиқод мекард, дар тирамоҳи соли гузашта дар бемористони бемориҳои равонӣ бистарӣ шуд.

Додгоҳи вилояти Хоразми Ӯзбекистон 30 сентябр Нафосат Оллашукуроваро баъди 10 рӯзи адои ҳукми маъмурӣ, ба беморхонаи бемориҳои равонӣ иҷборан фиристод.

Нафосат Оллашукурова дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуъҳое амсоли фасодкорӣ ва тахриби ғайриқонунии манзилу амволи сокинонро аз сӯи мақомот инъикос мекунад.

Пештар Созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон «Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон» (CPJ) аз Ӯзбекистон хоста буданд, блогнавис Нафосат Оллашукуроваро фавран озод кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *