Нахӯрда, фарбеҳ мешавам. Сабаб чист?

Ман ҳамеша харобу химчамиён будам. Вақтҳои охир яку якбора вазнам зиёд шуда истодааст. Бинобар ин, қарор додам, ки хӯроки нисфирӯзиро мехӯраму хӯроки шомро не. Вале хароб намешавам. Сабаб чист?

САБИНА, шаҳри Душанбе

Ба саволи шумо табиб Сафаралӣ Самадов ҷавоб медиҳад:

— Хӯроки шом нахӯрдан ба он оварда мерасонад, ки организми шумо ба ҷои чарбҳоро сӯзонидан ба режими фаъолтари боз ҳам зиёдтар захиракунии онҳо шурӯъ менамояд. Бо ин роҳ шумо на хароб, балки фарбеҳтар шудан мегиред. Барои ҳамин ҳам шуморо лозим аст, ки шомгоҳон ба ҷои хӯрокҳои серравғану серғизо хӯрокии сабукҳазм истеъмол кунед. Масалан, фалла бо як қошуқ асал, 50 мл йогурт, 100 мл ҷурғот ё кефир бо кабудии майдарезакардашуда, калсийи маҳсулоти ширӣ дар сӯхтани чарбҳо хеле фаъоланд. Аммо шабҳангом ширинӣ нахӯред. Махсусан, шоколад! Шоколад дар таркиби худ калорияи зиёд дорад. Вале агар бе он ҳам наметавониста бошед, шоколади вазнаш то 50 г бударо танҳо рўзона хӯред, кифоя аст.

Онҳое, ки ҳамеша андоми зебо доранд, таркиби хӯрокашонро аз меваҷоту сабзавот хеле бой сохтаанд. Масалан, бо мақсади дар организмашон паст намудани калориянокӣ шарбати меваҷотро бо иловакунии оби ҷӯшонидашудаи хунук омехта менӯшанд. Онҳо ҳангоми гурусна шудан хушкмева мехӯранд. Алалхусус зардолуқоқро. Хушкмеваро аз супермаркетҳо нахаред. Барои он ки бо мақсади намуди ҷалбкунанда гирифтанаш бо роҳҳои гуногун мешӯянду меомезанд. Онро беҳтараш аз бозорҳо харидорӣ кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *