Нахудов ҳукми абад гирифт
Суди олии Тоҷикистон рӯзи21-ми ноябр Ҳусейн Абдусамадов (Нахудов), раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷиро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд. Суд ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Ҳукми Баҳринисо Ҳайдарова, ягона зани муттаҳам дар ин парванда, бинобар доштани кӯдаки хурсол, ба таъхир гузошта шудааст.Баҳринисо Ҳайдарова ва 11 нафари дигар -Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ