Нахустқаҳрамони ҷанги хонумонсӯз…
Путин ба Нурмагомед Гаҷимагомедов унвони Қаҳрамони Русияро дод (пас аз марг).
Дар ин бора Владимир Путин рӯзи 3-юми март зимни ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия изҳор дошт. «Ман фармон дар бораи додани унвони Қаҳрамони Русия ба лейтенанти калон Нурмагомед Энгелсович Гаҷимагомедовро, мутаассифона, пас аз марг ба имзо расонидам»,- гуфт ӯ.
«Дар ҷанг вай дилпурона ба ҷанговарони худ фармон медод. Мисли командири асил дар ҳаққи тобеонаш ғамхорӣ мекард. Ӯ аллакай ҷароҳати вазнин гирифта, то охир меҷангид ва ҷангҷӯёни гирду атрофаш ва худашро бо норинҷак тарконд.
Вай чунин иқдомро барои он гирифт, ки дарк кард, ки бо кӣ сарукор дорад — бо неонатсистҳо, ки маҳбусонро масхара карда, бераҳмона мекушанд»,- гуфт Владимир Путин.
Тавре хабаргузории REGNUM хабар дод, неруҳои мусаллаҳи Русия аз рӯзи 24-уми феврал амалиёти вижаи низомии Украинаро барои безараргардонии Украина ва ҳифзи мардуми Донбасс анҷом доданиянд.
Ҳар ҷанг қаҳрамони худашро дорад. Ва ин нахустқаҳрамонест, ки Русия бо як ифтихори хосае ин унвони баландро ба фарзанди далеру шуҷоъи сарзаминаш Нурмагомед Энгелсович Гаҷимагомедов сазовор донистааст.
Вале, кӣ намехоҳад ҷанг набошад?! Ҳама, фикр мекунам, пайи дарёфти ин орзуянд. То осмон софу беғубору бе чангу дуд бошад. Ва тани одамият орӣ аз захмҳои маҷбуриии торих бошад. Кош ба ҳамин ин ҷанги хонумонсӯз ба охир мерасиду дигар ашке аз рухсораҳои падарону модарону хоҳарону зану фарзанди одамӣ сарозер намегардид. Э, кош чинин будӣ!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ