Нахустин электробус дар кӯчаҳои Тошканд

Нахустин электробус, ки оғози моҳи сентябр ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон оварда шуда буд, рӯзи шанбеи гузашта дар кӯчаҳои шаҳр ба гардиш даромад.

Ба иттилои мақомот, автобуси санҷишӣ рӯзи 7 сентябр ба гардиш даромад.

Vitovt Electro E420 бо низоми захирасозии энержӣ муҷаҳҳаз аст, ки гардиши нақлиётро давоми 21-25 км таъмин мекунад. Электробус давоми 6-8 дақиқа неру мегирад. Ғунҷоиши ин нақлиёт аз 90 мусофир иборат аст.

Электробуси Е420 «Витовт Электро» аз сӯи ширкати «Белкоммунмаш»-и Белорус истеҳсол шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *