Нахустин фавт дар Узбекистон аз каронавирус

Дар ҷумҳурии Узбекистон, ки рӯзи 14-уми март каронавирус кашф шуда буд яке аз гирифторанаш имрӯз вафот кард. Дар ин бора портали “Азия таймс” хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ нафари фавтида сокини 53-солаи шаҳри Тошкент буда рӯзи 14-ми март нишонаҳои бемориро дар вуҷуди худ эҳсос карда буд.

Бояд гуфт, ки нишонаҳои нахустини бемори рӯзи 14-уми март дар вуҷуди як шаҳрванди Узбекистон, ки аз Фаронса баргашта буд кашф карда шуд. Гуфта мешавад, ки тайи ду рӯзи охир гирифторони каронавирус дар Узбекистон ба 8-нафар расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *