Нахустин садамаи марговари Суғд дар соли 2017

    Давоми 14 рӯзи охир дар пайи се садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд 5 нафар ба ҳалокат расида 3 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бино ба иттилои БДА вилояти Суғд аксари садамаҳои як соли охир дар ин вилоят бинобар бо суръати баланд идора намудани нақлиёт ба вуқӯъ пайвастааст.

     Рӯзи 2 январ нахустин садамаи марговари соли 2017 дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд, ки дар пайи он як хонандаи синфи 11 ба ҳалокат расид. Сабаби ин садама низ баланд намудани суръати ҳаракат аз ҷониби ронанда арзёбӣ мегардад.

                                                                                                                                                               Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *