Нахустин сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Қатар
Ин аввалин сафари расмии Шукурҷон Зуҳуров ба Қатар буда, бо даъвати расмии Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва Раиси парлумони Давлати Қатар анҷом дода мешавад.
Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳти сарварии Шукурҷон Зуҳуров ба манзури ширкат дар ҷаласаҳои 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ ба Қатар сафар менамояд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов сафари мазкур бо даъвати Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарлумонӣ ва Раиси парлумони Давлати Қатар аз таърихи 5 то 10 апрели соли ҷорӣ амали мегардад.
Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар канори ширкат ва суханронӣ дар ҷаласаҳои 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарлумонӣ бо намояндагони воломақоми Ҳукумати Қатар дидору мулоқотҳо анҷом диҳад.
Ин аввалин сафари расмии Шукурҷон Зуҳуров ба Қатар буда, бо даъвати расмии Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва Раиси парлумони Давлати Қатар анҷом дода мешавад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуда, ба хотири рушду густариши робитаҳои байнидавлатӣ дар ҳар ду кишвар сафоратҳо ифтитоҳ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ