НАХУСТКИТОБИ КАРАТЭ БО ТОҶИКӢ

Дар нашриёти “Ношир” — и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Каратэ ё ҳарби дасти холӣ — усули “Шотокан” нахустин китоби таълимӣ ва илмии омӯзиши ин навъи санъати якҳарбаи шарқӣ бо забони тоҷикӣ ба нашр расид.

Ин китоб ба қалами устоди каратэ Зафар Аҳмад тааллуқ дорад. Дар пешгуфтори китоб Ризо Алиев, раиси Ассотсиатсияи якҳарбаи шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки “ин асар ба сифати дастури таълимӣ метавонад, шавқмандони ин намуди варзишро то ба дараҷаи устодӣ расонад”.

Устоди каратэ Зафар Аҳмад  дар бораи ҳамаи панҷ катаи омӯзишие, ки дар мактаби шотокан мавҷуд аст, бо  назардошти пайдарҳам мураккабшавии усулҳои зарбаи пою даст, устувории бадан ва роҳҳои ҳимоя маълумоти муфассал дода, ҳар як усули зарба заданро бо аксҳо возеҳ нишон додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *