Наимҷони Сайдалӣ дар бораи гову говҷӯшӣ

Наимҷони Сайдалӣ, овозхон ва блогери шинохта чандест, ки ба ҷойи таҳияи суруду барномаҳо доир ба фермаи ҳайвоноташ барномаҳои гуногун нашр мекунад.

Дар барномаи навбатиаш доир ба гову говҷӯшӣ гуфта, аз нигоҳубин то чанд литр шир доданашон қисса мекунад.

Наимҷони Сайдалӣ мегӯяд, ки аз говҳои фермааш дар як шабонарӯз зиёда аз 100 литр шир мегирад.

— Сад литр ширро гирифтан осон нест, балки барои хӯроки инҳо ман ниҳоят зиёд меҳнат мекунам. Говҳоро танҳо бо алаф намешавад сер карда, балки ман ба онҳо кунҷора, орди макка, орди ҷав ва камикортро якҷоя карда медиҳам.

Ҳамчунин, қайд мекунад, ки ҳар рӯз ба комбинати шири ноҳияашон то 50 литр шир мефурӯшад, то маблағи хӯроквориашонро ба даст орад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *