Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр дар Варзоб
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Варзоб намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, ин иқдом тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-25”, барои мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр аз ҷониби Ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб-2022”-и Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар намоиш-фурӯши китобҳо роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти қудратӣ, кормандони соҳаи фарҳангу маориф, иттифоқи касаба, тандурустӣ, толибилмони муассисаҳои таълимӣ, сокинону меҳмонони ноҳия иштирок кардаанд.
— Қайд кардан бамаврид аст, ки ба китобхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби Барномаи давлатӣ бо теъдоди 241 нусха китобҳои тозанашр бо маблағи 6666,34 сомонӣ ройгон тақдим гардид,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ