Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ рӯзҳои истироҳат дар Душанбе
Рӯзҳои истироҳат — 19-20-уми август дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, рӯзи шанбе, 19-уми август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Деваштич дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ноҳияи Ванҷ дар Боғи Куруши Кабир ва шаҳри Левакант дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон» баргузор мешавад.
Рӯзи якшанбе, 20-уми август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияҳои Шаҳристон ва Куҳистони Мастчоҳ дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ», ноҳияи Дарвоз дар Боғи Ирам ва шаҳри Бохтар дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мегардад.
Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ, Хуҷанд, Тоҷикобод, Ҷалолиддини Балхӣ, Бӯстон, Сангвор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гулистон, Варзоб, Кӯлоб, Истаравшан, Роғун, Вахш, Истиқлол, Шуғнон, Ёвон, Зафаробод, Рӯшон ва Дӯстӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1-уми июл оғоз гардида, то 3-юми сентябр идома меёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ