Намоиш-фурӯши  маҳсулоти ватанӣ дар “Кохи Борбад” оғоз шуд (аксҳо)

Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ оғоз гардид. Дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Намоиш-фурӯш дар дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2023» баргузор шуда истодааст.

Бино ба иттилои дастандаркорони лоиҳа, имсол тамғаҳои интихобшуда аз ҳисоби корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор, истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоишгоҳ намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд.

Давоми 3 рӯз: 2-4 ноябр сокинону меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки аз намоишгоҳ маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонии дилхоҳашонро бо нархҳои дастрас пайдо намоянд.

Ёдовар мешавем, ки имсол аз Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» 10 сол пур шуд. Дар тӯли 10 соли фаъолият лоиҳаи мазкур зиёда аз 500 ширкати ватаниро ба мардум муаррифӣ намуда, дар шинохта шудани тамғаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва бою ғанӣ гаштани бозори истеъмолии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.

Бо шарофати ин лоиҳа аксари ширкатҳое, ки қадамҳои нахустини худро бо “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” гузошта буданд, рушд намуданд ва имрӯз на танҳо дар дохил, балки берун аз марз низ шинохта шуда, маҳсулоти хешро ба хориҷи кишвар мебароранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *