Намоиш-фурӯши маҳсулоти Қазоқистон дар Душанбе

Пагоҳ, 20 апрел дар шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мегардад.

Дар чорабинӣ роҳбарону намояндагони наздик ба чил ширкати истеҳсолию саноатии Қазоқистон иштирок менамоянд. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории Қазоқистон — «KAZAX INVEST» аз созмондиҳандагони ин ҳамоиши иқтисодӣ мебошанд.

Интизор меравад, ки дар доираи ҳамоиши иқтисодӣ намоиши молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Қазоқистон ба роҳ монда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *