Намоишгоҳи рассоми муҳоҷир дар Душанбе
Санаи 11-уми октябр соати 18:00 дар меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе намоишгоҳи шахсии рассом Сафаршо Меробшоев оғоз шуд. Рассом гуфтааст, ки тамоми даромади намоишгоҳ ба хайрия меравад. «Аз ин маблағҳо як тин ҳам намегирад»,- мегӯяд номбурда.
Сафаршо Меробшоев аллакай дар кишварҳои дигар асарҳои худро муаррифӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки намоиши навбатиаш ба Тоҷикистон бахшида шудааст. “Намоиши банда номи мушаххас надорад, он “Танҳо дар бораи Тоҷикистон” аст”,- мегӯяд номбурда.
Меҳмонони намоишгоҳ метавонанд зебоиҳои табиати кишвари мо, урфу одати мардум ва зиндагии онҳоро дар асарҳои рассом бубинанд. Ҳамчунин, асарҳо барои фурӯш ҳам пешниҳод мешаванд.
Сафаршо Меробшоев саргузашти ҷолиб дорад. Ӯ собиқ директори Сирки Душанбе аст. Аз нахустин муҳоҷиронест, ки солҳои 90-ум аз Тоҷикистон ба Амрико кӯчидааст. Ҳоло ӯ шаҳрванди ИМА аст ва дар он ҷо тиҷорати худро дорад. Зимнан ӯ ба рассомӣ машғул аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ