Намоишгоҳи «Тоҷикистон — кишвари қуллаҳои осмонбӯс ва кӯлҳои тиллоӣ» дар Хонаи аксҳои Боку
Дар Хонаи аксҳои Боку бо дастгирии Раёсати мамнуъгоҳи давлатии таърихию меъмории «Ичеришеҳр» ва Сафорати Тоҷикистон намоиши аксҳои «Тоҷикистон — кишвари қуллаҳои осмонбӯс ва кӯлҳои тиллоӣ» баргузор гардид, ки ба 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Озарбойҷон ва Тоҷикистон рост омад.
Бино ба гузориши хабаргузории “Тренд”, дар маросими ифтитоҳ Амина Меликова, мудири Маркази осорхонаи “Ичеришеҳр” дар бораи консепсияи ин намоишгоҳ сухан гуфт.
Дар навбати худ сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ бар аҳамияти равобити адабӣ ва фарҳангии ду кишвар таъкид кард.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ аксбардори маъруфи ҷаҳон Ризо Дегатӣ ва вакили парлумон Айдин Мирзозода низ суханронӣ карданд.
Намоишгоҳ то 25-уми апрел амал мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ