Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии ”Китоби Душанбе” дар Осорхонаи миллӣ
То 5-уми октябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии ”Китоби Душанбе” баргузор мегардад. Барои боздид аз ин намоишгоҳ ташрифи меҳмонон аз 12 давлати дунё дар назар аст.
Дар намоиш намояндагон ва меҳмонон аз Русия, Туркия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон даъват гардидаанд.
Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2011 инҷониб баргузор мегардад ва дар он асарҳои садҳо адиб ва шоирони ватанию хориҷӣ ба намоиш гузошта мешавад.
Соли гузашта Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид, ки дар он 8 ноширони кишварҳои хориҷӣ, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва зиёда аз 30 ноширони дохилӣ китобҳои тозанашри хешро (4 000 номгӯ китоб) манзури тамошобинон, аҳли фарҳангу адаб ва дӯстдорони китоб гардонида буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ