Намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин дар Душанбе
24 июн дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши муштарак таҳти унвони «Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин» бо ҳузури намояндагони санъату ҳунари ҳар ду давлат доир гардид.
Намоишро Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Сафири Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин расман ифтитоҳ намуданд.
Бино ба гуфтаи Алишер Зарипов, сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар намоиш 50 асари рассомони Тоҷикистон, 21 мусаввара ва намунаҳои ҳунари хаттотии Чин ба намоиш гузошта шуданд.
“Осори ҳунарии пешниҳодгардида, таҷассумгари мақому манзалат ва иффату покдамании зан дар ҷомеа мебошад”,-гуфт номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ