Намоиши чакан дар “Ашан”

Имрӯз, 13- уми апрел дар Маркази савдои” Ашан” таҳти унвони “Чакомаи ҳазору як ранги чакан” Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор намуд.

Дар ин чорабинӣ аз 33 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ занону духтарони ҳунарманд ширкат варзида, маҳсули дастони худро ба намоиш гузоштанд.  Тавре ки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Тағойзода қайд намуд, Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамин гуна силсилачорабиниҳоро пайваста ба роҳ монда, ҳунари гулдӯзии занҳои тоҷикро дар арсаи ҷаҳон намоиш диҳад.

“Соли 2018-ро ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, аз ҳамин хотир, мо чунин маъракаҳои фарҳангиро ташкил мекунем, то ҳунари занҳои тоҷик баҳои сазовор бигирад” — таъкид намуд зимни суханронии хеш Идигул Тағойзода ва афзуд, ки аз соли 2016 то инҷониб барои рушди ҳунарҳои мардумӣ Гранти презденти кишвар таъсис дода шуда, ҳамасола 2 миллион сомонӣ барои ҳунармандӣ ҷудо мешавад.

“Ин маблағҳо мақсаднок истифода шавад, ҳунарҳои мардумӣ албатта рушду нумуъ хоҳанд кард”- мегӯяд раиси Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бону Идигул Тағойзода дар охири сӯҳбаташ қайд намуд, ки ҳунарҳои занони тоҷик пас аз намоиши чунин чорабиниҳо дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегарданд.

Дар чорабинӣ аз хориҷи кишвар низ меҳмонон ҳузур доштанд.

Намояндаи давлати Украина дар назди ҳозирин қайд кард, ки аз тамошои ҳунарҳои зебои занҳои тоҷик бисёр хушаш омадааст.

“Бисёр шодам, ки ба ин ҷашни бошукуҳ даъват шудам ва пас аз ин ҳеҷ гоҳ ман чунин даъватро рад нахоҳам кард. Ман хеле дӯст медорам он нақшҳои зебоеро, ки ҳунармандон дар либосҳояшон  нақшдӯзӣ кардаанд”, — гуфт бо эҳсосот меҳмонӣ украинӣ.

Зулфиябону, намояндаи Юнеско низ шодиву нишоташро аз тамошои ҳунарҳои бонувони тоҷик иброз дошта, зимни суханрониаш қайд кард, ки чакани тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ хоҳанд кард.

Дар ин чорабинии зебои ҳунарӣ аҳли фарҳанг, сарояндагон, рӯзноманигорон ва намояндагони дигар касбу корҳо ширкат варзида, ба ҳунари бонувон аҳсан хонданд.

Иштирокдорон ва меҳмонони чорабинӣ аз тамошои ҳунарнамоии санъаткорони варзида Лола Азизова, Савринисо Қурбонова, Сафаргули Қабодиён ва дастаи “Шакарханд” ҳаловат бурданд.

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *